Абдуллоҳ Қодирии Мумтоз

Андар қаламрави шеър бисёр шоир ояд,
Аммо дигар нарўяд Мумтоз чун ту булбул

ШАБНАМИ СУБҲ
photo

Ҳарчанд, ки дар шакки Шумо низ яқинест,
Ман мондаам ин дин, ки шуморост, чӣ динест?
Бояд бигурезам зи заминҳои заминӣ,
Он сўйтар аз арши Худо низ заминест.
Эй мардуми дилтанг хароботи Шумо ку?
Моҳи шаби мо сайиди хуршедҷабинест.
Ҳам чилланишинӣ куну ҳам бодапарастӣ,
Мавлои ҳама бодакашон чилланишинест.
Шак шабнами субҳ аст ба рўи гули имон,
Шак нест, ки дар шакки Шумо низ яқинест.
Мумтоз, марав дур зи майхона, ки дунё,
Лабрези гумон асту камон асту каминест.